Пас аз 5 рӯзи мусобиқаҳои CAFA 2021 миёни бонувони то 20-сола дастаи мунтахаби Узбекистон ҷоми мусобиқаро соҳиб шуд.
Мусобиқаи Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, 11-уми июн оғоз шуда, 17-уми июн ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа 5 дастаи мунтахаби духтарони то 20-солаи 5 кишвари минтақаи Осиёи марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон – қувваозмоӣ карданд.
Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон холҳои баробар доштанд. Ӯзбекистон бо задани 6 голи зиёдтар аз Эрон, мавқеи якумро соҳиб шуду Эрон дуюм. Ҷои сеюм насиби тими мунтахаби Қирғизистон гардид.
Дастаи мунтахбаи бонувони Тоҷикистон дар ҳамаи бозиҳо ба шикаст дучор шуд ва зинаи охири мусобиқаро ҷойи худ қарор дод, аммо ҷоизаи «Fair play» насиби ин даста шуд. Дар умум дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 гол ба дарвозаи худ сар дода танҳо як гол ба дарвозаи тими мунтахаби Узбекистон задааст.