Дар доираи даври аввали мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни тимҳои миллии бонувон, дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба масофи ҳам рафтанд. Вохӯрии дастаҳо шоми имрӯз, 21-уми январ дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Дар қисми якуми дидор дастаҳо ба рахна кардани дарвозаи якдигар даст наёфтанд ва бо натиҷаи ҳеҷ бар ҳеҷ ба танаффус рафтанд. Дар дақиқаҳои нахусти нимаи дуюми бозӣ бозингарони дастаи меҳмон аз як фурсати хуби голзанӣ истифода бурда, ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон гол ба самар расониданд ва Қирғизистон дар ҳисоб ба пеш баромад. Шодии қирғизҳо дер давом накард, зеро дар дақиқаи 14-ум футзалбозбонуи тоҷик Мадина Фозилова аз зарбаи пеналтӣ истифода карда, ба голи рақибон ҷавоб гардонд ва натиҷаро баробар намуд.

Дар идома бозингарони тими миллии бонувони кишвар ду маротиба имконияти хуби голзанӣ доштанд, вале Мадина Фозилова ду зарбаи пеналтиро ба иҷро расонида натавонист.

Ҳамин тавр рақобат миёни тимҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистону Қирғизистон оид ба футзал бо натиҷаи як бар як хотима ёфт. Баъди ин мусовӣ дастаҳо як имтиёзӣ касб намуда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд.

Бозии дигари ин давр миёни мунтахабҳои занонаи Эрон ва Узбекистон доир гардид, ки дар ин набард бонувони эронӣ бо натиҷаи бузурги 5:2 ҳарифони худро дучори шикаст намуданд. Эрониҳо бо ба даст овардани пирӯзӣ муқобили Узбекистон соҳиби се хол шуда, сарнишини ҷадвали мусобиқа гардиданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти CAFA-2022 оид ба футзал миёни тимҳои миллии бонувони Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон ва Узбекистон то 28-уми январ идома мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки се ҳазор ҷойи нишаст дорад, сурат мегиранд. Рақобатҳо дар шакли системаи даврӣ дар ду марҳила доир мешаванд ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз касб мекунад, ғолиби мусобиқа мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки ин аввалин мусобиқа дар соли ҷорӣ аст, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь