Хабари даст доштани баъзе муҳоҷирони точик, ки барои бурдаи нон ба муҳофирати меҳнатӣ рафтаанд, ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст. Яке аз аввалинҳо шуда президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Русия изҳори ҳамдардӣ намудаанд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“… мо ин кирдори зӯроварии ғайриинсониро, ки наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад, қотеъона маҳкум мекунем”.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар навбати худ маълум намуд, се нафар аз нафарони тавассути расонаҳои Русия эълон шуда, ҳангоми рузх додани ин ҳодиса наметавонистанд дар ин ҳодиса даст дошта бошанд.
Исмонов Ривоҷиддин соли таваллудаш 25.09.1972 ва Насриддинов Маҳмадрасул соли таваллудаш 20. ноябри соли 1986 санаи 26 ноябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон омада дар маҳалли зисти хеш қарор доранд.
Нафари сеюме, ки ному насабаш тариқи расонаҳои русӣ эълон гардид, Рустам Исроилович Назаров соли таваллудаш 02. 01.1995 айни замон дар шаҳри Самараи Русия ҳамчун ронандаи такси фаъолият дорад ва ба ҷинояти мазкур алоқаманд нест.
Новобаста аз ин, раванди тафтишот даст доштани шаҳрвандони дигарро ба ин ҳодиса маълум менамояд, аммо бояд бори дигар зикр намуд, ки террорист дар ҳама гушаи дунё ватану миллат надорад ва душманони муносибати дӯстонаи Русия ва Тоҷикистон дар ҳама гушаи дунё дар андешаи доғдор сохтани ин муносибат ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь