Теппаи Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, бо сабабаи садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои хуро бастааст. Масуълони Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар гуфтанд, ки ҳукумати шаҳр дар як ё ду сол имкон надорад ин иншооти таърихиро бозсозӣ кунад.

Комрон Гулов, роҳбари Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар, гуфт, Теппаи Қурғон бо сабаби садамавӣ шуданаш моҳҳо боз баста шудаст. Тибқи нақша имсол барои бозсозии ин қалъа 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

– Ҳоло аз ҷониби ҶДММ “Шаҳрофари Душанбе” лоиҳакашии “Теппаи Қӯрғон” идома дорад.  Тибқи лоиҳа бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон Амфитеатр, чойхонаи миллӣ ва ҳайкали Исмоли Сомонӣ сохта шавад, – илова кард номбурда.

Ба иттилои манбаъ, барои ин қадар иншооте, ки болои Теппаи Қӯрғон ба нақша гирифта шудаанд, на кам аз 30 миллион сомонӣ маблағ зозим аст, ки ҳукумати шаҳр имкон надорад дар як сол бисозад.  “Соли гузашта барои дар  руйхати иншоотҳои “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дасгоҳи иҷроияи Перезиданти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани “Теппаи Қӯрғон”  аз ҷониби ҳукумати шаҳр мактуб карда шудааст”,- гуфт Комрон Гулов.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, зимни нишасти хабарии охираш гуфта буд, ки осорхонаи Бибихонум аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ соли 1999 сохта шудааст.

“Соли 2015-ум баъзе ҷойҳои ин қалъа таъмир карда шуда, аммо дар натиҷаи боришот ва гармиҳо ду соли охир тарқишҳо зиёд шуд, мо тасмим гирифтем, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш осорхонаи Бибихонумро, ки дар дохили қалъа буд, ба Кохи фарҳанг кӯчонем”, – афзуд раиси шаҳр.

Раис илова кард, ки ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки қалъаро дубора бозсозӣ кунад, аммо маблағҳои ҳукумати шаҳр кофӣ нестанд, ки бо пурагӣ  2,7 гектар майдони осорхоаро дар як сол  таъмир асосиӣ кунанд.

– Бояд лоиҳаҳо ва дигар сарчашмаҳо барои таъмири он  пайдо гарданд, дар сурати пайдо нагардидан, соли 2023-2024 қалъаро дубора барои истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳон бозсозӣ мекунем, – гуфт раис.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь