Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бо харҷи 1 385 000 сомонӣ варзишгоҳи дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст бунёд мегардад.
Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, чанде пеш зимни сафари кории худ ба ин ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии варзишгоҳи мазкур диданд кард.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншооти мазкур 13651 метри мураббаъ буда, ба маблағи 1 385 000 сомонӣ сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар моҳи августи соли 2022 оғоз ёфта, дар он 30 коргар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Сохтмони варзишгоҳ дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Блоки рекламавӣ