Оператори диҷитоли (рақамии) Tcell ва пешрави ҷаҳонӣ дар фановарии мухобиротӣ ZTE бо хушнудӣ аз анҷоми ҳамкориҳои нави стратегӣ, ки ба рушди бозори дастгоҳҳо дар кишвар нигаронида шудааст, хабар доданд.

ZTE дар бозори таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ маъруф аст. Ширкат ба масрафкунандагон доираи васеи моделҳоро бо нархҳои беҳтарин пешниҳод мекунад. Дар чаҳорчӯби созишномаи имзошуда, Tcell интиқоли истисноии маҳсулоти ZTE ба кишварро анҷом медиҳад.

Тибқи дастурҳои Сарвари давлат дар бораи зарурати тавсеаи бахши иртиботот ва иқтисоди рақамӣ, инчунин қонуни нави қабулшуда дар бораи пардохтҳои электронӣ, Tcell ва ZTE ба таври муштарак роҳҳалҳое таҳия ва пешниҳод хоҳанд кард, ки дастрасӣ ба дастгоҳҳои мобилӣ ва алоқаи мобилиро барои ҳама шаҳрвандон бештар месозад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи дастгоҳҳо дар маркази ин шарикӣ қарор дорад. Tcell ва ZTE муҳим будани фурсат барои ироаи навъҳои гуногуни гӯшиҳои ҳушманди дорои фановариҳои пешрафтаро, ки ба ҳар корбар имкон медиҳад, аз тамоми бартариҳои ҷаҳони муосири мобилӣ бархурдор шаванд, дарк мекунанд. Аммо ин ҳама охири кор нест – гӯшиҳои ҳушманд (смартфонҳо) ба сурати маҷмуаӣ бо таърифаҳои «Salom Smartphone» бо нархи ба вижа дастрас пешниҳод карда мешаванд.

“Ҳамкорӣ бо ZTE барои ширкати мо имкониятҳои нав мекушояд. Мо дар талош ҳастем, ки ба мизоҷони худ на танҳо беҳтарин хидматрасонии иртиобтӣ, балки смартфонҳои гуногун ва замонавиро пешкаш кунем, ки ёрирасони ивазнашаванда дар ҳаёти ҳаррӯза хоҳанд шуд”, – гуфт мудири кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Намояндаи аршади Дафтари рушди ИДМ-и ZTE Вей Вей, гуфт:

“Мо аз ҳамкорӣ бо Tcell хушҳол ҳастем ва итминон дорем, ки тамоюли муштараки мо барои ироаи беҳтарин роҳиҳалҳо дар бозори дастгоҳ, тағйироти мусбати бисёреро дар зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон ба армуғон хоҳад овард”.

Tcell ва ZTE муштоқона мунтазири чолишҳо ва муваффақиятҳои нав дар тӯли ин ҳамкории стратегӣ ҳастанд. Ҳадафи умумӣ дастрас кардани смартфонҳои муосир барои ҳама шаҳрвандон ва мусоидат ба тавсеаи бахши мухобирот дар кишвар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь