Tcell – оператори пешрави рақамии Тоҷикистон барои муштариёни худ иқдомҳои ҷолиби солинавӣ пешкаш кард, ки инҳо иборатанд аз «Бастаи солона 2024», тахфиф ба таърифаҳои солонаи «Салом», тахфиф дар интернети хонагии TezNet ва инчунин «Tcell Box»-и писандидаи ҳамаро роҳандозӣ кард. Иқдомҳо барои он тарҳрезӣ шудаанд, ки муоширатро боз ҳам ҷолибтар ва пур аз шигифтиҳои дилангез кунанд.

Бо фаъол кардани «Бастаи солона 2024» ё таърифаи солонаи «Салом» муштариён имкон пайдо мекунанд, ки дар давоми сол аз алоқаи номаҳдуд дар дохили шабакаи Tcell, бастаи бузурги интернети бидуни маҳдудияти суръат баҳра баранд. Илова бар ин, ҳар муштарӣ ҳангоми пайваст шудан то охири моҳ мегабайтҳои иловагии интернет мегирад, то эҳсосотро мубодила кунад ва бо дӯстон ва оила дар тамос бошад.

Иқдоми “Tcell Box” як саёҳати ҷолиби пур аз туҳфаҳои ғайричашмдошт ва ҳаяҷон аст. Муштариён метавонанд бо нархи 199 сомонӣ як баста бо маҷмуи нодири туҳфаҳои арзишманд харидорӣ кунанд. Дар маҷмуъ 300 баста мавҷуд аст ва ҳар яки он туҳфаҳои ҷолиб, аз смартфон то PlayStation, дорад. Фақат бастаи худро интихоб кунед ва аз лаҳзаи бозкунии он ва шодии бурд лаззат баред!

Илова бар ин, тавассути фаъол кардани бастаи солонаи интернети хонагӣ бо тахфиф аз TezNet, муштариён интернети 12-моҳаи бемаҳдудро барои тамоми оила бо тахфифи то 30 дарсад мегиранд. Фановарии пешрафтаи GPON сифати баландро кафолат дода, интернетро дар хона пойдор мегардонад. Ва ба унвони як ҷоизаи хуб, ҳар муштарии Tcell ҳангоми пайвастшавӣ ба интернети хонагӣ ба муддати як сол бастаи туҳфаи интернети мобилӣ мегирад.

Tcell имкон медиҳад, ки муштариёнаш на танҳо аз хидматҳои босифати иртиботӣ, балки аз лаҳзаҳои беназири ҳайратовару шод баҳра баранд. Ба “Tcell” ҳамроҳ шавед ва эҳсосоти худро дар тӯли сол мубодила кунед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь