Оператори диҷитоли “Tcell” бо камоли хушнудӣ барои муштариёни худ як имконияти нави беназирро пешкаш мекунад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои муваффақ бо пешсафи ҷаҳонии телекоммуникатсия ZTE, Tcell ҳар моҳ маҳсулоти нав – дастгоҳҳои дастрасро бо пардохти қисман пешниҳод мекунад.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таъмини алоқаи дастрас, инчунин бо дарназардошти қонуни нави қабулшуда дар бораи пардохтҳои электронӣ, Tcell кӯшиш кард, ки дар ин самт роҳкори беҳтаринро пешниҳод кунад.

Ҳоло дар офисҳои фурӯши Tcell муштариён метавонанд бо нархи ҳамагӣ 99 сомонӣ дар як моҳ (пардохти ҳармоҳа барои 12 моҳ) смартфони муосири дастрас харидорӣ кунанд, ин ҳам дар ҳоле, ки ба нарх тарофаи «Смартфони Салом» дохил мешавад, ки дақиқаҳои зарурӣ ва интернетро барои истифодаи бароҳат ва муоширати ройгон дар бар мегирад. Дигар лозим нест, ки барои смартфон ва тарофа алоҳида пардохт кунед, ҳеҷ хел фоизҳо ва комиссияҳои пинҳонӣ нест.

Аммо ин ҳама охири кор нест! Бо харидани пурраи смартфон, Tcell барои як сол 20 ГБ трафики интернетии иловагӣ медиҳад, то муштариён аз дастгоҳи нави худ бо бароҳатии бештар баҳра баранд.

Шумо метавонед ин бастаи судманди “смартфон + тарофа “-ро аз дилхоҳ идораи фурӯши Tcell харидорӣ кунед. Мушовирони хайрхоҳу меҳрубони ширкат ҳамеша омодаанд, ки ба шумо дар интихоби смартфон ва фаъол кардани тарофа кӯмак расонанд, то муштариён фавран ба истифодаи дастгоҳи нав шуруъ кунанд.

Ба Tcell ҳамроҳ шавед ва ба имкониятҳои нав Салом бигӯед!

Тафсилот дар офисҳои фурӯши Tcell, ё дар вебсайти: tcell.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь