Tcell ба таври фаъол мудернсозии шабакаи ҳамлу нақлро бо мақсади баланд бардоштани қобилияти интиқоли пойгоҳҳои базавӣ ва таъмини иртиботи боэътимоди муштариён идома медиҳад.

Дар доираи ин раванд то кунун 173 пойгоҳи базавӣ бомуваффақият такмил дода шуд, ки пас аз ҷорӣ кардани истондарти 4G иқтидори шабакаро ба таври назаррас афзоиш дод ва кори самараноктарро таъмин кард. Ширкат инчунин дар самтҳои Рашт, Файзобод, Роғун, Норак, Турсунзода корҳои беҳсозиро анҷом дод, то иртибот дилпуртар ва сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон беҳтар шавад.

Шабакаи ҳамлу нақл унсури муҳими инфрасохтор мебошад, ки интиқоли маълумотро байни пойгоҳҳои базавӣ ва нуқтаҳои марказӣ таъмин мекунад. Тавсеаи хатҳои радиорелей дар 173 пойгоҳи базавӣ ба ширкат имкон дод, ки қобилияти шабака ва эътимоднокии интиқоли маълумотро ба таври назаррас беҳтар созад. Ин қадами муҳим ба Tcell имкон медиҳад, ки муштариёни худро бо иртиботи устувор ва баландсуръат, махсусан дар давраи истифодаи пуршиддат аз додаҳои мобилӣ, таъмин кунад.

“Tcell сармоягузорӣ ба фанновариҳои муосир ва таҷдиди инфрасохтори шабакавии худро идома медиҳад, то ба муштариёни худ сифати беҳтарини иртиботро фароҳам оварад. Мо саъй мекунем, ки кори муассири шабакаро таъмин кунем ва суръату эътимоди иртиботро дар ҳама нуқтаҳои фарогирии худ кафолат диҳем”, – гуфт Мустафо Донбалоғлу, мудири фаннии ширкати Tcell.

Tcell шабакаи пуриқтидор бо имкониятҳои номаҳдуд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь