Моҳи сентябр ширкати Tcell лоиҳаи васеъ – “Tcell кино”-ро роҳандозӣ кард, ки қисми зиёди минтақаҳо ва вилоятҳои кишварро фаро мегирад. Лоиҳа сокинони ҷамоат, шаҳракҳои дур аз пойтахтро барои тамошои филм дар фазои боз гирд меоварад. Алакай 20 намоиши филм дар фазои боз дар 14 деҳаҳои ноҳияи Варзоб ва 6 деҳаи шаҳри Турсунзода доир шудааст.

Дар ҳавои тоза, зери осмони пурситора, филми шавқовар, имкони дидор ва суҳбат бо дӯстон – Tcell ба минтақаҳои кишвар филми муосири тоҷикӣ “Арӯси замонавӣ 2”-ро мебарад. Дар маркази деҳаҳо ва шаҳракҳо кинотеатрҳои мобилӣ насб карда шуда, барои тамошои филм аз 50 то 500 нафар ҷамъ меоянд.

Пеш аз тамошои филм бозиҳо ва суҳбатҳо оид ба технологияи мобилии муосир миёни тамошобинон доир мегардад. Иштирокчиёни аз ҳама фаъолро “сюрпризҳо” аз ширкат интизор аст. Ҳамчунин, замони тамошои филм мушовирон – мутахассисони ширкат меоянд, ки аз онҳо метавон ҳар кадом масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ ва пайваст намудани хизматрасониҳоро пурсон шуд.

Яке аз хадамоти маъмултарин ва муфид аз Tcell барои сокинони минтақаҳо нармафзори ЧиГап аст, ки имкон медиҳад то истифодабарандагон бо наздиконашон дар хориҷи кишвар бо нархи арзон ҳамеша дар тамос бошанд. Ин нахустин нармафзори миллӣ барои муошират мебошад, ки барои осон шудани истифода аз он барои муштариён забони тоҷикӣ низ дорад. Мутахассисони ширкат барои хоҳишмандон ин нармафзорро насб мекунанд ва тарзи истифодаи онро мефаҳмонанд.Ҳамчунин мутахассисони ширкат дар ин маъракаҳо барои интихоби опсияи интернетӣ дар қатори G+ вобаста ба талаботи истифодабаранда ё интихоби тарофаи мувофиқ мисоли “Осон” ва ё “Фасон”, ҳамчунин дар пайваст ва пур кардани тавозун ба ҷамъомадагон ёрӣ мерасонанд.

Лоиҳа моҳҳои наздик идома карда, бисёре аз минтақаҳои кишварро фаро мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь