Оператори рақамии «Tcell» дар гуруҳи расмии корпоративи Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар WhatsApp дастёри чати ҳушмандро роҳандозӣ кард.
Акнун барои машварат гирифтан аз бонк кофӣ аст, ки ба онҳо муроҷиат шавад. Саъю кӯшиши муштараки Tcell ва таҳиягари платформаи ҳамаҷонибаи AI Twin ба Амонатбонк имкон дод, ки аввалин бонк дар Тоҷикистон бошад, ки ёвари чатро ба шабакаи расмии корпоративии WhatsApp пайваст кард. Ҳоло паёмрасон як канали расмии иртибот бо «Амонатбонк» барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Дар канали WhatsApp як дастёри чати ҳушманди ҷойгир карда шудааст, ки қодир аст, ба саволҳои муштариён бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зуд ҷавоб диҳад.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии БД ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол қайд кард, ки рушди фановариҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар ҳоли табдил шудан ба афзалияти стратегии бонк аст. Вай таъкид кард, ки WhatsApp-и расмӣ бояд як канали муҳими иртиботӣ барои муштариён гардад, чатҳоро дар замимаи мобилӣ ва зангҳои овозӣ ба маркази тамос мукаммал созад.
Директори рушди тиҷорати Twin Global Фаррух Авезов қайд кард, ин иқдом иртиботи бонкро бо муштариён дар роуминг, ки қаблан мушкил буд, осон хоҳад кард. Ӯ ба Амонатбонк ва Tcell барои эътимод изҳори сипос карда, ба онҳо дар худкорсозии хизматрасонӣ ба мизоҷон ва фурӯш тавассути ин канали нави алоқа комёбӣ таманно кард.
«Мо бо пайравӣ аз дастурҳои Президенти кишварамони дар роҳи зудтар рақамӣ кунонидани иқтисод, фанновариҳои рақамиро на танҳо дар худ тавсеа медиҳем, балки онҳоро дар ихтиёри муштарёни ширкати худ қарор медиҳем. Пайвастшавии канали расмии WhatsApp ва дастёрони чати ҳушманд ба як абзори қудратманд барои дастгирии муштарӣ табдил хоҳад шуд ва ба ширкатҳои хадамоти бузург ин имконро медиҳад, то дар ҳар вақти рӯз ба муштариён хидмат расонанд”, – гуфт директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.
Ин иқдом ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкони беҳамтоеро барои баҳрабардорӣ аз фанновариҳои пешрафта фароҳам меорад ва ҳамкориҳои ҳаррӯзаи бонкии онҳоро осон мекунад. Сатҳи нави муошират ва бароҳат ба шарофати шарикии Амонатбонк, Tcell ва Twin аст. Оянда кайҳо дар ин ҷост.