Ширкати Tcell ба тақвияти шабака дар навоҳии тобеи марказ идома медиҳад. Дар натиҷаи амалисозии корҳо дар умури техникии шабака беш аз 17000 нафар дар ноҳияҳои Ҳисор ва Турсунзод ба интернети Tcell дастрасӣ пайдо карданд. Дар ин минтақаҳо 4 пойгоҳи нави стандарти 3G насб гардид, ки 16 нуқтаи аҳолинишинро фаро мегирад.

Ширкати Tcell  бо насби истгоҳҳои мавҷпарокании стандарти 3G ба 17 000 сокини ин навоҳӣ имконияти пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро муҳайё кард. Онҳо корбари фаъоли Интернет гардида, аз навигариҳои муосир, дастовардҳои технологӣ бохабар мешаванд, ҳамеша бо пайвандону наздиконашон, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, дар иртибот мебошанд.

Дастрасӣ ба Интернет ба онҳо имкон медиҳад, ки ба тамоми ҷаҳон дар бораи худ нақл кунанд. Ва онҳо метавонанд дар мавриди: маконҳои истироҳатӣ, таърихӣ, ҷойҳои зебову қадима, ки дар Ҳисору Турсунзода зиёданд, ба дигарон бигӯянд. Дар ҳама давру замон дар ин водӣ ҳаёт ҳамеша дар ҷӯшу хурӯш буд: Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ин ҷо убур мекард, дар ин минтақа бозёфтҳои зиёди антиқа дарёфт шудаанд, маконҳои таърихӣ то ҳанӯз дар ин водӣ побарҷоанд. Таври мисол, Қалъаи таърихии Ҳисор умри беш аз 2500 –cола дорад!

Табиати водии Ҳисор низ дар навбаи худ дилфиребу такрорнашаванда аст: рӯдҳои тозаи кӯҳӣ, қуллаҳои барфпӯш, олами бойи набототу ҳайвонот ба ҳусни дигари ин минтақа ҳусни нав зам мемкунад. Дар дараи Ширкент, ки дар ноҳияи Турсунзода воқеъ аст, харсангҳои азимҷуссаро дидан мумкин аст, ки осори пойи динозаврҳо аз замонҳои қадим то имрӯз боқӣ мондаанд. Чунин бозёфтҳо дар ҷаҳон хеле кам ба назар мерасанд! 

Ҳамин тавр, сокинони Турсунзодаву Ҳисор ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ пайдо карда, бо ахбору навгониҳои дунё ошно мешаванд, ҳамзамон дар бораи диёри худ, тарзи ҳаёт, дастовардҳои миллӣ ва таърихии хеш ба ҷаҳониён қисса хоҳанд кард. Иртиботи доимиро низ бо наздикону пайвандонашон нигоҳ хоҳанд дошт. 

Ширкати Тcell ба тавсеаи шабака дар манотиқи кишвар идома дода, ҳамвора ба рушди техникии он аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тақвият ва навсозии шабака дар саросари ҷумҳурӣ: дар пойтахт, НТМ, вилоёти Суғду ВМКБ ва Хатлон давом меёбад. Масъулин ва роҳбарияти ширкати мобилӣ тасмим доранд, ҳар чи бештар муштариёнро бо шабакаи насли 3G ва 4G пайваст намоянд. Дар ҳошияи тақвияти техникӣ ва навсозии шабака дар ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Тоҷикобод чанде қабл 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G ба истифода дода шуд. Тайи моҳҳои ахир шабакаи насли чорум –   4G дар ҳудуди шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ насбу васл гардид. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь