Ин ширкат раванди мудернсозии шабакаи асосии vEPC-ро барои тавсеаи қобилиятҳо ва ҷорӣ кардани хидматҳои нав оғоз кардааст. Пас аз гузаштани бомуваффақият ба ҳастаи нав, ширкат нақша дорад, ки хидмати нави занги овозиро бо истифода аз протоколи VoLTE (Voice over LTE) роҳандозӣ кунад ва шабакаи 5G-ро пурра рушд диҳад.

Тасеаи шабакаи аслии vEPC марҳилаи муҳими рушди Tcell ва омодагӣ ба ҷорӣ кардани хидматҳои диҷитолии нав мебошад. Ин ба ширкат имкон медиҳад, ки имкониятҳои шабакаи худро васеъ карда, ба муштариён хидматрасониҳои мукаммали иртибот, аз ҷумла интернети баландсуръат ва фанновариҳои нави коммуникатсионӣ пешниҳод кунад.

«Ширкат дастури Сарвари давлатро устуворона иҷро карда, барои таъмини интернети баландсуръат дар кишвар саъй дорад, ки таҷдиди шабакаи аслии vEPC як қадами калидӣ дар расидан ба ин ҳадаф мебошад. Мо мекӯшем, ки ба муштариён хидматҳои диҷитолии пешрафтаро пешниҳод кунем, то эҳтиёҷоти онҳо ба иртиботи муосирро қонеъ гардонем», – гуфт Мустафо Донбалоғлу, мудири фаннии Tcell.

Рушди шабакаи асосии vEPC ба Tcell имкон медиҳад, ки хидмати нави VoLTE (Voice over LTE) – интиқоли зангҳои овозӣ тавассути шабакаи LTE-ро ҷорӣ кунад, инчунин шабакаи 5G-ро ба таври фаъол инкишоф диҳад, то ба муштариён имкониятҳои боз ҳам бештар барои истифодаи фановариҳои пешрафтаи коммуникатсионӣ фароҳам оварад.

Ширкати Tcell сармоягузорӣ ба фанновариҳои муосир ва такмили инфрасохтори шабакавии худро барои таъмини иртиботи боэътимод ва интернети баландсуръат барои ҳамаи муштариёни худ идома медиҳад. Ширкат аз саҳми худ дар рушди иқтисоди диҷитоли Тоҷикистон ифтихор мекунад ва саъй дорад, ки бо пешниҳоди хидматҳои пешрафтаи иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ навовар бошад.

Tcell оператори диҷитоли шумост.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь