Бунёди Оғохон (AKF) дар Тоҷикистон ва ширкати мухобиротии Tcell ёддошти тафоҳум дар мавриди тарғибу ташвиқи имкониятҳои фарогир ва қулай барои бо кор таъмин намудани ҷавонон дар Тоҷикистонро дар чорчӯби лоиҳаи муштараки USAID ва AKF «Ислоҳоти маҳаллӣ» ба имзо расониданд.

Оператори пешсаф ва навовари кишвар– ширкати Tcell нахустин корхонаи хусусӣ аст, ки ба Эътилофи корфармоёни Тоҷикистон, ки дар ҳошияи тарҳи вижаи Local Impact созмон ёфтааст, ҳамроҳ гардид. Tcell дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин корфармоён бо пешниҳоди имконияти рушд ва ба кор ҷалб кардани ҷавонон дар саросари Тоҷикистон мебошад.

Созишномаи тасвибшуда ироаи шароити муосири омӯзиш, коромӯзӣ ва ба кор таъминсозии ҷавонону бонувонро дар назар дорад. Эътилоф ба мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон, рушди имконоти онҳо, ба кор таъмин кардан, пешниҳоди ташаббус дар бахши фарогирии донишҳои ҳирфаӣ (касбӣ), ташкили таҷрибаомӯзӣ ва роҳнамоӣ дар ҷои кор, ҳамчунин бунёди шароити беҳтари кор барои ҷавонон дар Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Эътилоф бо роҳи ҷалби бузургтарин корфармоён ва ҷавонон дар ҳама манотиқи Тоҷикистон, тавассути пайвандгари занҷираи ҷустуҷӯӣ будан миёни корфармо ва корҷӯву мутахассисони ҷавон тавсеа меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь