Дар маҳфили  навбатии журналистикаи иқтисодӣ-«Тавозун» марҳилаи дуюми татбиқи Фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таҳияи буҷети солҳои 2018-2020 баррасӣ мегардад.

Дар доираи ин маҳфил, ки айни замон дар толори Маркази татқиқоти стратегии Тоҷикистон идома дорад, марҳилаи навбатии таҳияи буҷети давлатӣ барои соли 2018 муҳокима мешавад. Ин фармоиш айни ҳол бо вазорату мақомоти соҳавӣ мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст. Интизор меравад, ки баъди омӯзиш ва ба тасвиб расидани он аз ҷониби Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатии соли 2018 ба палатаи поёнии парламенти кишвар ирсол мегардад.

Дар маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» намояндагони Вазорати молияи Тоҷикистон вобаста ба марҳилаи дуюми таҳияи бюҷети давлатии соли 2018 маълумот пешниҳод мекунанд.

Маҳфил намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, коршиносон оид ба идораи молияи давлатӣ, намояндагони ВАО-и давлатию мустақил, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи иқтисодиро атрофи мизи мудаввар ҷамъ овардааст.

Мақсади маҳфили «Тавозун» ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли бюҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандию васоити ахбори омма ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ҷалб намудани доираи васеи журналистон ба масоили бюҷет, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь