Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), оҷонсии СММ, тақрибан 70 ширкатро ба намоишгоҳи бузургтарини байнулмилалии фанновариҳои нассоҷӣ ва либосворӣ бурд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) 70 ширкати хурду миёна, созмонҳои ёрирасони тиҷорат ва муассисаҳои илмиву таълимӣ аз Ховари Миёна, Африқои шимолӣ ва Осиёи Марказиро ба ITMA 2023, намоишгоҳи бузургтарини сорсинг дар шаҳри Милан бурд. Ба ин феҳрист 12 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, як иттиҳодияи соҳавӣ ва як вазорати соҳавӣ аз Тоҷикистон низ вориданд, ки бо мусоидати МТБ ва Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER ба намоишгоҳ барои шиносоӣ бо навгониҳои охирини фанновариҳои соҳа сафар карданд.

Боздидкунандагон дар намоишгоҳ имконият пайдо карданд, то бо пешсафони соҳа вохӯранд, навгониҳои тозатарини истеҳсоли нассоҷиро бинанд, ва дар тамоми занҷираи арзиши иловагии соҳа имкониятҳои тамосу ҳамкорӣ ҷустуҷӯ намоянд. Мавзӯъи имсолаи намоишгоҳ ба тағйироти саросарии соҳа ва ҳаракати он ба самти рақамисозӣ ва истеҳсолоти устувор бо назардошти муҳити зист бахшида шуда буд.

Барномаи GTEX/MENATEX-и МТБ дар ҳошияи намоишгоҳи ITMA рӯзҳои 11 ва 12-уми июн як ҳамоише бо номи “Гузариши дугона: Рақамисозӣ ва устуворият”-ро баргузор намуд. Коршиносони маъруф дар он ҷамъ омада, доир ба мавзӯъҳои муҳимме, ба монанди  чанбаринагӣ (circularity), раддёбишавандагӣ (traceability), ва рақамисозӣ, ки ояндаи соҳаро шакл медиҳанд, суҳбат карданд.

Ҷаноби Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, низ аз намоишгоҳи ITMA дидан кард ва дар чорабинии МТБ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

Равиши “гузариши дугона” василаи алтернативии дарёфти роҳҳалҳои муассир барои тағйири иқлим мебошад.

Иштирокдорони ҳамоиш таъсири рақамисозӣ ва автоматисозӣ ба устуворият, роҳҳалҳои фаннӣ ҷиҳати автоматисозӣ ва рақамисозӣ барои самтҳое назири тарроҳии рақамӣ, қолабгирӣ, ва буридани матоъро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш мавзӯъи қоидаҳои нави Иттиҳоди Аврупо ва таъсири онҳо ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, роҳҳалҳои раддёбишавандагӣ, гузариш ба таҷрибаи чанбаринагӣ, ва мувофиқат ба талаботи афзояндаи чанбаринагӣ аз ҷониби брендҳову яклухтфурӯшиҳо баррасӣ гардид.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон: “Навгониҳои технологӣ калиди муваффақияти саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ба шумор мераванд. Боздид аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои тоҷик ҷиҳати шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад”.

Маттиас Кнаппе, роҳбари бахши нах, нассоҷӣ ва либос дар МТБ: “Пешбурди низоми рушдкардаи муҳитзистӣ барои соҳибкории хурд ҷиҳати тавсеаи устувори саноати нассоҷиву дӯзандагӣ муҳим аст. Бо иштирок дар ITMA, баҳрагирандагони мо имконият ёфтанд, то биомӯзанд, тамос барқарор кунанд, ва барои рушди худашону рақобатпазиртар гардиданашон талош кунанд. Ҷалби ин ширкатҳо ба ин мавзӯъҳо гувоҳи нақши афзояндаи онҳо дар таҳрики пешрафтҳои саноат ва саҳми онҳо дар рушди устувори соҳа мебошад”.

Абдулмӯъмин Султонов, муовини мудири корхонаи “Лидер” (Хуҷанд): “Намоишгоҳ дарҳои навро бароямон боз кард. Мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем”.

Сабти ҳамоиш дар пойгоҳи вижаи МТБ бо нишонии зерин дастрас хоҳад буд: www.globaltextileacademy.com

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь