Аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар 5 моҳи соли ҷорӣ бештар аз 880 ҳазор соомнӣ маблағ ҷудо шудааст.

Аз Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иттилоъ додаанд, ки дар 5 моҳи соли 2022 тибқи қарори 639-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикичтон, ки таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузор карда шудаст, ҳамагӣ аз буҷети ҳукуматҳои маҳаллӣ 883 ҳазору 800 сомонӣ дар ин самт равона гардидааст, ки ин  нисбати 5 моҳи соли гузашта 244 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст.

– Дар ин давра аз тарафи мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён 24,4 ҳазор сомонӣ, Қубодиён 7 ҳазор сомонӣ, Ҷомӣ 12 ҳазор сомонӣ, Балхӣ 408 ҳазору 700 сомонӣ, Левакант 22 ҳазор сомонӣ, Носири Хусрав 9 ҳазору 400 сомонӣ, Ёвон 374 ҳазору  700 сомонӣ, Дӯстӣ 15 ҳазору 400 сомонӣ, Хуросон 10 ҳазору 400 ҷудо гардидаст, – гуфтанд  аз ниҳоди мазкур.

Ба иттилои масъулони ниҳоди болозикр бо маблағҳои ҷудошуда 109,4 км роҳ таъмири  ҷорӣ, 1112 метри мураббаъ роҳ таъмири чуқурчаҳо бо асфалт, 0,6 км таъмири  роҳ,  0,6 км таъмири болопуши роҳ бо асфалт гузаронида шудааст.

Масъулони Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақи Бохтари вилояти Хатлонро маблағгузорӣ кам барои таъмиру нигоҳдории 1980,7 роҳҳои автомобилгарди аҳамияти  маҳаллидошта нигарон кардаст. Онҳо гуфтанд, ки аксари роҳҳои маҳаллӣ ниёз ба таъмир доранд, вале бо чунин маблағгузорӣ наметевон роҳҳро пурра таъмир кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь