Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар робита ба сард шудани ҳаво таътили зимистонаи мактаббачаҳоро то рӯзи душанбеи 16-уми январ тамдид кунад.

Дар иттилоияи ин вазорат омадааст, ки ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №35 «Дар бораи тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ» дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 16 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши мазкур сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадор гардидаанд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here