Модари хабарнигори рӯзномаи «Фараж» Мавлуда Гулова аз олам даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ки марҳум то чанд лаҳза пеш аз вафот сиҳату саломат буд ва аз ягон беморӣ шикоят намекард.
Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, 13-уми январи соли 2023, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баргузор гашт. Номбурда соҳиби чор фарзанд буд.
Кормандони МТЖТ аз марги нобаҳангоми ин модари меҳрубон сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконаш, аз ҷумла ба Мавлуда Гулова, изҳори таслият мекунанд. Ҷойи модар биҳишт бод.
Блоки рекламавӣ