Борҳо зикр шудааст, ки сил бемории табобатшаванда аст. Сари вақт ба табобат оғоз кардани бемор уро аз ин касалӣ наҷот медиҳад. Паҳн шудани маълумоти нодуруст ва носаҳеҳ дар бораи бемории сил беморро аз табобат бозмедорад, ки он метавонад ба шахси дигар сироят ёбад, ҳамчунин, беморро ба ҳолатҳои ғайриинтизор расонад.

Муттахассисон низ бар ин назаранд, ки дарёфт ва муолиҷаи саривақтии шахси ба бемории сил гирифторшуда барои хотимаи сил мусоидат мекунад. Барои даст ёфтан ба ин кор мебояд афкори умумро тағйир дод, то афкори носолим нисбат ба беморӣ аз зеҳни мардум пок шавад.

Зариф Дадоҷонов, сардори маркази ҳимояи аҳолӣ аз касалиҳои сил, мегӯяд, барои сатҳи огоҳинокии мардумро нисбат ба бемории сил зиёд кардан ҳар моҳ ду-се маротиба чорабиниҳои иттилоотӣ доир мекунанд. Беморон, хешу ақрабо ва сокинони минтақаҳоро ба ин чорабинӣ даъват мекунанд. Барои гузаронидари ин чорабинӣ ба онҳо ташкилоти ғайридавлатии “Афиф” ёрӣ мерасонад.

Ба иттилои ҳамсуҳбатамон чорабиниҳои иттилоотӣ то андозае кори онҳоро осон кардааст. Ташкили суҳбатҳо ва чорабиниҳои мақсаднок барои дарёфти саривақтии беморон ба кормандони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз касалиҳои сил дар ноҳияи Ашт имконияти хуб додааст.

– Толош ва кӯшишҳои мо баҳри сари вақт дарёфти беморон самара доданд. Ин буд, ки соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2-нафар зиёд беморонро ба табобат фаро гирифтем, – илова кард Зариф Дадоҷонов.

Бори дигар таъкид месозем, ки бемории сил табобатшаванда аст. Ҳамчунин, доруҳои зиддисилӣ ва табобати он дар Тоҷикистон пурра ройгон мебошад.

Биёед ҷомеаи худро аз бемории сил дастҷамъона пок созем.

Саодат Исмоилӣ,

узви коршиносони эҷодии Ассотсиатсияи ҳамкории пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь