28-уми майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии таъсисёбии шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва 100-солагии олим, санъатшинос, театршинос, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Ташаккул ва пешрафти санъатшиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Насрулло Убайдулло ифтитоҳ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии муқаддимавӣ ва табрикотӣ саҳми кормандони шуъбаи таърихи санъат дар давоми 70 соли фаъолияти шуъба, бахусус нақши профессор Низом Нурҷоновро дар таҳқиқи анъана ва оинҳои мурдуми тоҷик, драматургия ва театри касбиву суннатӣ, мусиқӣ, рақс ва дигар соҳаҳои санъату ҳунар назаррас арзёбӣ карда, таҷлили ин санаҳои таърихиро рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ унвон кард.
Сипас мудири шуъбаи таърихи санъати ИТБМ, профессор Аскаралӣ Раҷабов, олимони шинохта Баҳринисо Қобилова, Равшан Раҳмонӣ, Лариса Додхудоева, Муҳаммадулло Табаров, санъатшиносон аз кишвари ба мо дӯст Ӯзбекистон Баҳора Хуррамова ва Бахтишод Ғайбуллооев, инчунин ходимони ҷамъиятиву давлатӣ Тамара Абдушукурова, Ҷӯрабек Муродов, Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Кароматулло Олимов оид ба ташаккул ва рушди санъатшиносӣ ва саҳми бевоситаи профессор Низом Нурҷонов дар ин самт суханронӣ карданд.
Дар анҷоми конфронс ҳунармандони гурӯҳи “Шамс” чанд порча аз мусиқӣ ва сурудҳои мардумиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Бояд зирк кард, нахустин роҳбари шуъбаи таърихи санъат Низом Нурҷонов буданд ва дар шуъба гурӯҳи хурди санъатшиносон дар ҳайати Н. Ҳ. Нурҷонов, В. А. Мешкерис, О. Л. Данскер ва баъдан Н. А. Белинская аввалин навиштаҳои илмиро ба нашр расониданд. Солҳои 1955, 1956 дар Маскав рисолаҳои Н. Нурҷонов «Муҳаммадҷон Қосимов», «Театри халқии тоҷик» ба нашр расид, дар Душанбе он аввалин маҷмуаи санъатшиносӣ шуд. Ин навиштаҳо аз аввалин корҳои таҳқиқии он солҳо маҳсуб ёфта, барои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ муассир буд.
Барои кор ва таҳқиқ шуъба ба кормандони касбӣ ниёз дошт. Дар ҷумҳурӣ ягон мактаби олӣ ихтисосмандони соҳаи санъатшиносӣ омода наменамуд. Шуъба ягона марказе буд, ки аз ашхоси дорои маълумоти забон ва адабиёт рассом, санъатшинос, театршинос, киношинос тайёр менамуд ва онҳоро барои бозомӯзии асосҳои назарии ҳунарҳои бадеӣ ба марказҳои таҳқиқии ҳунаршиносии Маскаву Ленинград мефиристод.
Дар як муддати кӯтоҳ шуъба дорои ихтисосмандони касбӣ ва ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқии масоили таърих ва назарияи ҳунарҳои бадеӣ – меъморӣ, санъати тасвирӣ, театр, кино, мусиқӣ ва амсоли ин (аз аҳди бостон то имрӯз) дар ҷумҳурӣ табдил ёфт ва эътибори шоиста касб кард.
Ихтисосмандони касбӣ дар шуъба ба камол расиданд ва дар заминаҳои гуногуни ҳунарҳои бадеӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуданд. Аз ҷумла санъатшиносон В. А. Мешкерис, Н. А. Белинская, М. О. Рӯзиев, Н. З. Юнусова, театршиносон М. Шарофов, М. Эркабоев, Б. Хураммова, киношиносон А. Аҳроров, Ҳ. Муҳаммадқулов, мусиқишиносон З. М. Тоҷикова, Э. Р. Гейзер, Б. Т. Қобилова, таърихи меъморӣ М. Мамадназаров, Р. Додобоев, таърихи фарҳанг ва ҳунар А. Раҷабов ва дигарон доир ба масоили таърих ва назарияи санъат таҳқиқоти арзишманд нигоштанд. Гурӯҳи дигари пажӯҳишгарони шуъба Л. Н. Винокурова, Л. Ш. Қиёмова, М. Хоркашев, С. Ҳақдодов, Л. Айнӣ, Ш. Анорқулова, Т. Мирова, М. Мирсаидов ва дигарон низ доир ба масоили муҳими театр, санъати тасвирӣ, эҷодиёти мардумӣ низ корҳои таҳқиқӣ бурданд.
Шуъба аз ибтидои фаъолияти таҳқиқиаш ба гирдоварию баррасии жанр ва шаклҳои осори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла мусиқӣ, театрӣ, рақси мардумӣ, саноеи амалию ҳунармандӣ муназзам кор бурд. Аз ин рӯ таҳти роҳбарии Н. Нурҷонов ҳар сол пажӯҳишҳои майдонии комплексии санъатшиносӣ дар манотиқи Зарафшону Суғд (Ленинобод), Кӯлобу Хатлон, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони, инчунин маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон гузаронида шуда, намунаҳои нодири шаклу анвои осори ҳунарҳои бадеӣ гирдоварӣ мешуданд. Тавассути ин пажӯҳишоти майдонӣ намунаҳои зиёди осори шеърию мусиқии мардумӣ гирдоварӣ ва ба навори магнитӣ сабт шуданд, ки ин осор хазинаи тиллоии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ маҳсуб шуда, аз лиҳози бадеӣ қаринаи худро надоранд.
Аз соли 1999 сарварии шуъбаро доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов ба зимма дорад. Дар ин солҳо шуъба барои амалӣ шудани барномаҳои илмӣ дар таҳияи асарҳои дастаҷамӣ доир ба таърихи фарҳанг ва санъати тоҷик нерӯҳои таҳқиқиро аз нав сафарбар намуд. Аз сабаби он ки сафарҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои майдонӣ маблағгузорӣ намешуданд, қисме аз кормандони шуъба бар пояи маводи солҳои қаблӣ гирдоваришуда таҳқиқот анҷом доданд. Аз ҷумла кори анҷом наёфта ва нашрнашудаи корманди собиқи шуъба Н. Белинская «Санъати амалию ҳунармандии тоҷикон»-ро А. Раҷабов аз нав такмилу таҳрир намуда, соли 2010 ба нашр расонид.
Кормандони шуъба дар омӯзишу баррасии масоили санъати меъморию шаҳрсозӣ, осори муҳташами бинокории низ саҳми арзанда доранд. зиёд Кормандони илмии шуъба дар манотиқи ҷумҳурӣ ва бурун аз он дар ин замина пажӯҳишҳои майдонӣ гузаронида, осори нодиреро гирд оварданд. Олимон М. Рӯзиев, Н. Белинская, Н. Юнусова, М. Мамадназаров, Р. Додобоев ва дигарон осори ҳунарии навоҳии ҷумҳуриро таҳқиқ намуданд ва ин осор дар мақолаву рисолаҳои академии ҷудогонаю фардӣ ба риштаи таҳқиқ омаданд. Зимни ин пажӯҳишгарон бар пояи маводи бинокорию ҳунарҳои бадеии гирдоваришуда рисолаҳои номзадию докторӣ низ дифоъ намуданд.
Дар ин таълифот ва навиштаҳои таҳқиқии дигар нахустин бор масоили таъриху назарияи санъати бинокории Осиёи Марказӣ, шаҳр ва шаҳрсозии Тоҷикистон, ташаккул, шаклу сохти шаҳрсозӣ дар ҳамсонӣ ба фарҳанги ориёиҳо натиҷагирӣ шудаанд. Ин масоил дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Уструшани бостонӣ: шаҳрҳо, даврабандӣ ва махсусиёти онҳо» (2003), «Ориёно ва Ориёвич» (2006), «Маводи сохтмонии Осиёи Марказӣ: анъана ва имрӯз (масоили нигаҳдошту тармими мероси фарҳангии гилӣ»(2008) ва ғайра ба қалам омадаанд.
Дар шуъбаи таърихи санъат «Маҷмӯи осори таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон» таҳия ва нашр шуд, ки дар ин асари чорҷилда тамоми осори таърихию меъморӣ, фарҳангӣ, шаҳрсозӣ ва санъати муҳташами Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи асноди дақиқ баррасӣ шудаанд.
Кормандони шуъба дар таҳияи асари академии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» низ ширкат намуда, фаслҳои «Санъати муҳташам» (Р. Муқимов), «Санъати мусиқӣ»(А. Раҷабов)-ро навиштанд.
Фаъолияти таҳқиқии шуъба дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурвусъату рангин ҷараён гирифта, дар нашри асари чорҷилдаи академии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги тоҷик» (2001, 2006, 2009, 2010), ки масоил, паҳлуҳои норавшану проблемавии таърих ва назарияи фарҳанг, санъатҳои амалию ҳунармандӣ, тасвирӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мусиқӣ, театру кинои тоҷик ва амсоли ин бар пояи маводи навтарин бо диди нави таҳлилӣ ба риштаи таҳқиқ омадаанд. Зимни ин бо саъю қӯшиши кормандони шуъба тарҳрезии барномаҳои илмӣ ва таҳияи маводи чандин конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба 1400-солагии Борбад,1000-солагии сароиши «Шоҳнома», 1100-солагии давлати Сомониён, 545-солагии Камолиддини Беҳзод, 2700-мин соли интишори «Авесто», 3700-солагии фарҳанги зардуштия, Соли фарҳанги ориёӣ, 1150-солагии Рӯдакӣ, 1310-мин солрӯзи Имом Абуҳанифа ва ғайра дар пояи баланди таҳқиқӣ анҷом пазируфтанд. Натоиҷи ин ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар шакли маҷмуаҳои илмии академии «Борбад, замон ва анъанаҳои фарҳангӣ» (1989), «Борбад ва сунннатҳои бадеии мардумони Осиёи Марказӣ ва Миёна: дирӯз ва имрӯз» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 1990), «Саҳми мардумони эронӣ дар рушди тамаддуни башарӣ» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 1992), «Шоҳномаи Фирдавсӣ падидаи бузурги фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» (ба забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ, 1994), «Шоҳномаи Фирдавсӣ баъд аз 1000 сол» (ба забони англисӣ, 1994), «Камоли Хуҷандӣ: замон ва нақши он дар таърихи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ» (ба забони англисӣ, 1996), «Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсӣ – тоҷикӣ» (ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти форсӣ, 1998), «Сомониён: замон ва заминаҳои фарҳангӣ» (2007), «Авесто дар таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ» (2001), «Камолиддин Беҳзод ва масоили актуалии фарҳанги Осиёи Марказӣ» (2001), «Фарҳанги маънавии тоҷикон дар таърихи тамадддуни ҷаҳонӣ» (2002), «Зардуштия ва нақши он дар таърихи фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёнаю Наздик» (2003), «Аз сурудаҳои Зардушт то оҳангҳои Борбад» (2003), «Абу Алии Сино ва саҳми ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» (2005), «Фарҳанги ориёӣ дар ҳамоҳангӣ бо тамаддуни Авруосиё» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 2006), «Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз» (ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, 2007), «Рӯдакӣ ва анъанаҳои бадеии мардумони Осиёи Марказӣ ва Ҳинд» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 2008), «Замони Имоми Аъзам ва нақши он дар таърихи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 2009) ва амсоли ин манзури аҳли илми Тоҷикистону кишварҳои Шарқу Ғарб гардонида шуданд.
Тавассути таҳқиқоти олимони шуъба доир ба нақши асосгузори системаи мусиқии устодонаи тоҷику форс Борбади Марвазӣ (А. Раҷабов) бори аввал Симпозиум ва фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Тоҷикистон (Душанбе, 1990) баргузор шуд, ки аҳли ҳунар ва муҳаққиқони зиёда аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд ва дар иртибот ба ин мавзуъ чандин таҳқиқоти академӣ рӯи кор омаданд.
Олимони шуъба дар навишти асарҳои ҷомеи энсиклопедии «РСС Тоҷикистон» (1984), «Энсиклопедияи советии тоҷик» (иборат аз 8 ҷилд 1978-1988), «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (иборат аз 3 ҷилд, 1988, 1989, 1994), «Фарҳанги истилоҳоти санъатшиносӣ» (2003), «Энсиклопедияи Душанбе» (2004), «Донишномаи Рӯдакӣ» (иборат аз 2 ҷилд, 2008) ва ғайра саҳми хоса гузошта ва барномарезии чандин конференсия, симпозиумҳои байналмилалии илмӣ доир ба 1400-солагии Борбад, 1100-солагии давлати Сомониён, «Авесто», фарҳанги зардуштия, ҳаёт ва фаъолияти Камолиддин Беҳзод, соли фарҳанги ориёӣ, «Шашмақом», «Фалак» ва амсоли инро ба ӯҳда доштанд. Ҳамчунин, олимони шуъба иштирокдори чандин конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, ИДМ ва Аврупо буда, бо маърузаву мақолаҳо арзишҳои муҳим масоили дирӯзу имрӯзи фарҳангу ҳунари тоҷикро муаррифӣ намудаанд.
Шуъбаи таърихи санъат имрӯз чун маркази ягонаи бонуфузи илмии таҳқиқии академӣ бо нашри осор доир таъриху назарияи фарҳангу ҳунари тоҷик дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он эътибори шоиста касб кардааст.
Р. Умар