Дирӯз, соати 11:40 дақиқа, дар корхонаи ҶДММ «Манфиат», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ки ба коркарди маҳсулоти нафтӣ машғул аст, сӯхтор ба амал омада, таркиш ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда ба амал омадааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Пулодов Фирдавс Шарифович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳалок гардид.
Ду нафар корманди дигари корхона Олимҷонов Комилҷон Аъзамҷонович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрванди Ҷумҳурии халқии Чин Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Гулистон бистарӣ карда шуданд. Ҳолати саломатии онҳо муътадил аст.
Ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.