Саидмурод Бобомуллоев, таърихшиноси шинохтаи тоҷик, имрӯз, 16-уми декабр, дар 64-солагӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт. Ба иттилои дарёфтӣ, олим бар асари сактаи мағзӣ вафто кардааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ чанд вақти охир аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд.
Пайвандони ин хонавода ба РО гуфтаанд, ки маросими ҷанозаи ӯ фардо, 17-уми декабр, вақти намози пешин дар Масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе баргузор мешавад.
Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бобомулллоев то замони маргаш дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон кор мекард. Саидмурод Бобомуллоев аз шогирдони академик ва таърихшиноси номвар Раҳим Масов буд.
Аз Саидмурод Бобомуллоев садҳо мақолаҳои илмӣ боқӣ мондааст. Даҳҳо навиштаҳои ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва ба поч расидаанд.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин талафотро ба аҳли илм ва наздикони марҳум таслият мегӯяд.