Гуруҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон наворгирии филми мустанадро дар бораи таърих, фарҳанг ва тақдири сокинони шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) шуруъ кард.

Бояд гуфт, ки ин шаҳр аз ҷониби асирони олмонӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бунёд шуда, то ба имрӯз сохти меъмории худро нигоҳ доштааст. Шаҳр дорои кони уран буда, то ба имрӯз барои руйпуш кардани партовҳои он талош карда мешавад.

– Шаҳри Табошар бо кадом ният сохта шуда буд?

– Оё маҳбусони олмонӣ дар он кор мекарданд, ё на?

– Чӣ гуна шаҳр сохти меъмориашро нигоҳ дошт?

– Ояндаи шаҳри Истиқлол чи гуна хоҳад буд?

– Партовгоҳи уран бо кадом маблағ ва аз ҷониби кӣ руйпуш карда мешавад?

– Онҳое, ки дар кони уран кор мекарданд, имрӯз чӣ ҳол доранд?

Дар бораи ин ва дигар ҷонибҳои дирӯз ва имрӯзи Истиқлол дар филми мазкур маълумот пайдо хоҳед кард.

Исматулло Абдуллоев

P.S. Филми мустанади мазкур бо кумаки намояндагии Internews дар Тоҷикистон таҳия мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь