Даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» имрӯз дар толори асосии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо намоиши 30 номераи консертӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз тантаҳои асосӣ ва ҷамъбастии «Соли ҷавонон» маҳсуб меёбад.

Фестивал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳизби халқии хемократии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Мақсади Фестивал сазовор таҷлил намудани «Соли ҷавонон», дар замири кӯдакону наврасон ва ҷавонон тарбия намудани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва санаҳои барои миллати тоҷик тақдирсоз, ки тавонист саодати миллати тоҷикро таъмин намояд, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ (навозандагиву сарояндагӣ) ва композиторӣ, тарғибу ташвиқи ҷавонӣ ва ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва маҳорату малакаи касбӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь