Парвандаи ҷиноятии раиси собиқи суди ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон дар Суди Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тақдири минбаъдаи судяи собиқ аз ҷониби ҳамкасбаш дар Суди Олӣ Далер Холиқмуродзода қазоват мешавад.

Судя Холиқмуродзода дар суҳбат бо “Фараж” аз ҷузъиёти мурофиаҳои судии парвандаи мазкур худдорӣ кард. Номбурда танҳо гуфт, “баъди қабули ниҳоии қарори суд ҳақ дорем, ки ба шумо ягон маълумот диҳем”.

Ёдовар мешавем, ки раиси ҳамакнун собиқи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёр рӯзи 25-уми январи соли равон аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят боздошт шуд буд. Ӯ ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ, дар чанд ҳолат, гумонбар дониста мешавад. Агентӣ он замон кирдорҳои Абдураҳмонзода Бахтиёрро бо моддаҳои “Гирифтани пора” (319 қ.3) ва “Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (314 қ.2)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Абдураҳмонзода Б. С. соли 2018 ба вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Ӯ то он дам ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь