Дар доираи лоиҳаи “Рушди фарогири деҳот дар Тоҷикистон” ”/ GIZ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”  ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати Лахши ноҳияи Лахш 3 адад техника барои ҷамъоварии картошка ва як адад техника, ки барои пошидани дору, нарм кардани хок ва кашидани ҷуйбор истифода мешавад, тақдим гардид.

Дар маросими супоридани техникаҳо раиси ноҳияи Лахш ҷаноби Файзулло Баротзода, директори лоиҳа ҷаноби Вулф-Хендрик Горетски, фермерҳо ва коршиносони лоиҳа иштирок доштанд.

Зимни маросими қабули техникаҳо раиси ноҳия ва деҳқонони ҷамоати Лахш миннатдории худро ба лоиҳаи “Рушди фарогири деҳот дар Тоҷикистон”/ GIZ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”   барои ҳамкории судманд ва дастгирии рушди кишоварзӣ, изҳор намуданд.

Инчунин, раиси ноҳия оид ба муҳим будани ин техникаҳо барои ноҳия таъкид кард. Чун ноҳияи Лахш яке аз ноҳияҳои кишварзии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳудуди 35-40% картошкаи ҷумҳурӣ аз ҳамин ноҳия руёнида мешавад, ҳамасола баҳри ҷамъоварии ҳосили картошка аз дигар ноҳияҳо то 150 техника ба кумак меомаданд.

Ин техникаҳо дар як руз қудрати ҷамъоварии картошкаро аз 1,5 га то 2 га замин доранд.

Бояд қайд кард, ки барои саривақт ва дар муҳлати оптималӣ гузаронидани қоидаҳои агротехникии зироатҳои кишоварзӣ, техникаҳои тақдимгардида нақши муҳим доранд.

Лоиҳаи ҳамгироии рушди деҳот лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) барои баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи муштарак ба ҳавасмандгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи сиёсат, баланд бардоштани малакаҳои техникӣ ва соҳибкории деҳқонон, корхонаҳои хурду миёна ва ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ дар занҷирҳои арзиши алоҳида нигаронида шудааст.

Фаъолиятҳои лоиҳа дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ мутамарказ шудаанд. Таваҷҷӯҳи вижаи маблағгузории Аврупо ба водиҳои Зарафшон ва Вахш дода мешавад. Лоиҳа ба ҳадафҳои худ тавассути панҷ ҷузъ ноил шудан мехоҳад:

1) Беҳтар кардани муҳити мусоид барои муколамаи тиҷорат ва сиёсат — ҳадафи он мусоидат ба муколама байни субъектҳои хусусӣ ва давлатӣ, пешбурди ислоҳоти кишоварзӣ, иқтисоди сабз ва принсипҳои устувори кишоварзӣ мебошад.

2) Баланд бардоштани ҳосилнокии занҷирҳои арзиши кишоварзӣ — ҳадафи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот тавассути баланд бардоштани малакаҳои техникӣ ва соҳибкории деҳқонони хурд, бо таваҷҷӯҳи махсус ба гурӯҳҳои ҷавонон ва занон.

3) Мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои содирот — ҳадаф афзоиши содирот, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ба ин васила фароҳам овардани имкониятҳои шуғл аст.

4) Дастгирии оғози тиҷорат ва пешбурди соҳибкорӣ — доираи хизматрасониҳои дастгирии ҷавонон ва соҳибкорон, хусусан занонро васеъ мекунад.

5) Беҳтар кардани муҳити мусоид дар идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об — тамаркуз ба ҳавзаҳои Зарафшон ва Вахш, истифодаи оқилонаи об ва идоракунии самараноки соҳаи оби Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь