Имрӯз, 6-уми сентябр, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, воқеъ дар шаҳри Душанбе, нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» баргузор мегардад.

Филми мазкурро ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аз рӯи асари «Тангнои гетӣ»-и нависандаи маъруфи тоҷик Сорбон ба навор гирифтааст.

Филм асосан дар зодгоҳи нависанда — деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москва сабт гардидааст. Нақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст. Ҳамчунин, ҳунарманд Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ аз чеҳраҳои марказии ин филм мебошанд. Ба иттилои продюссери «Суғдсинамо» Дилошуб Орифзода филми мазкур 11-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд, 12-уми сентябр дар шаҳри Конибодом ва 14-уми сентябр дар шаҳри Панҷакент намоиш дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь