Корхонаи алюминиуми тоҷик нақша дорад, ки соли оянда ба коркарди маъданҳои кони Кончоч даст бизанад. Ин кон, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, захираи бойи тилло, нуқра, симоб, сурма ва дигар металҳоро дорад.

«Кор дар амаликунони  ин лоиҳаи маблағгузоришаванда соли 2017 пешниҳод шуда буд. Барои татбиқ намудани он бояд як қатор равандҳоеро, ки замони зиёдеро талаб мекунанд, пушти сар кард», – гуфтаанд аз ТАЛКО.

Айни замон ширкати британягии Micon International Ltd ба захираҳое, ки ҳанӯз дар даврони Шуравӣ пайдо шуда буданду бояд кандукоб шаванд, баҳо медиҳад. Дар ширкат гуфтаанд, ки дар соли 2018 корҳо барои анҷоми коркарди истихроҷи тилло, нуқра ва сурма оғоз хоҳанд шуд.

Ҳоло ТАЛКО дар ҷустуҷӯи шарикон аст, то барои анҷоми ин лоиҳа маблағгузорӣ кунанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь