12-уми июл ширкати ТАЛКО як гуруҳ хабарнигорони расонаҳои гуногуни кишварро барои шиносоӣ аз фаъолияти ширкат ба шаҳри Турсунзода, ки бинои корхона дар ин мавзеъ воқеъ аст, даъват кард. 

Хабарнигорон бо фаъолияти корхона ва истеҳсоли алюминий аз қадами аввал то марҳилаи ниҳоӣ шинос шуданд.

Дар корхона барои пурра барқарор кардани сифати алюминийи аввалия ва баланд бардоштани маҳсулнокии электролизерҳои мавҷуда тадбирҳои ҷиддӣ дида мешаванд.

Тадбирҳои андешида имкон доданд, ки истеҳсоли алюминийи аввалия дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 31 510 тонна расонида шавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, ки 31 449 тоннаро ташкил медод, 61 тонна зиёд аст.

Ширкати алюминийи тоҷик ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2023-юм 10% ва то се соли оянда то 300 ҳазор тонна ҳаҷми истеҳсолотро зиёд кунад.

Дар 6 моҳи соли 2023 музди меҳнати кормандони беш аз 20 бахшу сохторҳои корхона зиёд карда шуд ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% афзун аст. Ҳоло музди миёнаи меҳнат барои корманди баландихтисос дар корхона қариб 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба ин ё он нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ вобастагӣ дорад.

“Айни ҳол дар корхона тақрибан 5 ҳазор нафар кору фаъолият доранд ва имкон ҳаст, ки то якуним ду ҳазор нафарро ба кор қабул кунем. Ширкати алюминийи тоҷик имрӯз ба кадрҳои нав, асосан, мутахассисони истеҳсолӣ ниёз дорад.” – иброз дошт директори департаменти иқтисод ва ҳайати кормандон Дик Павел Иванович.

Бояд қайд кард, ки ширкати алюминийи тоҷик яке аз пуриқтидортарин корхонаҳои саноатии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни рушди босуръати худ моҳи июли соли 2007 соҳиби мақоми нав “Ширкати алюмини тоҷик” гардид. Аз 1 ноябри соли 2019 ба Ҷамъияти саҳњомии кушодаи “Ширкати алюмини тоҷик” табдил дода шуд.

Шоира Мадалиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь