Пас аз боронҳои пай дар пай ва обхезии рӯзи 19-уми июл дар деҳаи Киштудаки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент 12 нафар ҷон бохтанд, ки аз ин ҷумла 8 нафарашон аз як оилаанд. Пайвандони ҷонбохтагон ва сокинони деҳа аз чӣ гуна рух додани офат ва оқибатҳои он ба мо гуфтанд.

Пас аз зуҳри 19-уми июл дар чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштудаки Панҷакент боронҳои пай дар пай обхезии харобиоварро ба бор меоварад, ки дар натиҷа хаймаҳои тобистонаи сокинони мавсимии чарогоҳро бо истиқоматкунандагон ба коми худ мекашад. Сокинон мегӯянд, дар аввалин фурсат ба кӯмаки онон шитофтем ва моро тими “Зарафшон-зудамал”-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Панҷакент ҳамроҳӣ карданд. Наҷотбахшони КҲФ бо чархбол ба ҷойи ҳодиса омада, ба кофтукоби ҷасадҳо машғул шуданд.

Ҳикматулло Мардонон, пайванди яке аз ҷонбохтагон, мегӯяд, дар дохили ҳодисаи вахим будааст.

– Мо бо тими “Зарафшон-зудамал” ҷасади 8 нафарро аз ҷои ҳодиса аз даруни лойю гил дарёфтем ва ҷасади ду нафари дигарро аз дарёи Зарафшон пайдо кардем. Ҳамаамон бо дастаи зудамал кӯшиш кардем, ки ду нафари дигарро, ки аз ин офат бедарак буданд, пайдо кунем, аммо мутаассифона, аз ду ҷавон то ҳол дарак нест, – мегӯяд Ҳикматулло.

Исмоилова Нозимаи 16-сола ва Ёқубов Ҳабиби 18-сола то кунун ёфт нашудаанд ва ҳоло ҷустуҷӯйи он ду аз ҷониби кормандони КҲФ ва аҳолии маҳаллӣ идома дорад.

Нозима бо ду хоҳару ду бародар ва модараш – Исмоилова Парвинаи 31-сола ва Исмоилова Сафияи 8-сола, Исмоилов Эзоҳи 10-сола, Исмлилов Озоди 6-сола, Исмоилова Нигинаи 3–сола аз як оила дар ин офат ҷон мебозанд. Наздиконашон Исмоилова Сабринаи 6-сола, Исмоилов Ҳасани 3-сола низ аз ҳамин ҳодиса ҷон додаанд.

Бойалӣ Исмоилов, амаки марҳумон, мегӯяд, ҳоло 7-нафарашонро гӯру чӯб кардаанд, вале Нозимаро то кунун пайдо накардаанд.

– Падарашон дар Русия буд, омад, лекин аз ин бало ҳеҷ ба худ намеояд, – мегӯяд Исмоилов.

Сокинон мегӯянд, ҷасади 10 нафарро то зуҳри иди Қурбон – 20-уми июл пайдо карда, соати 14 ҳамаро ба хок супоридаанд. Селбурдаҳои дигар, Ҷониқулова Мавҷудаи 53 -cола, Ҷониқулова Норбибии 71-cола, ки зоҳиран хешованданд ва Эгамбердиева Мусаллам мебошанд.

Рӯзи 19-уми июл ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ ҳам шоҳиди боронгариҳои шадид ва омадани сел буданд, ки ба иттилои КҲФ, хисороти молӣ дар пай дошт. Бино ба иттилои кумита, тахминан соати 15:30 як сели азим дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоаи Ёрии Панҷекат ҳам омад. Тибқи маълумоти пешакӣ аз лойобаву регу шағале, ки ин сел овард, 15 хонаи истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар диданд. Аз нопадид шудани 35 сар чорвои калон ва хурд низ хабар дода мешавад. Дар ҳамин ҳол бегоҳӣ, тақрибан соати 17:30 сокинони  маҳаллӣ ҷасади ду занро аз зери лойобаҳо берун оварданд.

Ҳамин рӯз соати тақрибан 17:30 бар асари боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Урметан дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ сел омад ва 4 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ду пули мошингузари байни деҳаҳо хароб шуданд. Ҳамчунин 1 км хати барқ канда шуд, 15 адад симчуб осеб диданд. Хати интиқоли оби нӯшокӣ, каналу ҷӯйборҳо, қубурҳои обгузар, як адад пули одамгузар заминҳои кишоварзӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ зарар диданд. Ба 1 мағоза, 8 хонаи истиқоматии шаҳрвандон лоиқа даромада зарар расонид. Инчунин, 4 адад автомашинаи сабукрав, чорвои калону хурдро сел бурдааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи Махкамбой Ҳалимов, котиби ҷамоати деҳоти Ёрӣ, танҳо дар деҳаи Вешист 200 сар моли майда, 7 мошин, 9 сар моли калон, 1 пул ва 1 трансфарматорро сел ба коми худ бурдааст. Котиби ҷамоат гуфт, ин танҳо ҳисоботи то ин вақт муайян шуда аст ва ҳоло шуморидани зарар идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ҳамин гуна дар рӯзи иди Рамазони соли 2019 низ шоҳиди селоӣ ва талафот шуда буданд.

М. Наҷибӣ,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь