Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани раиси ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ҳангоми гирифтани пора, хабар дод.
“Муродов Суҳроб Рамазонович дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо кардани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи Д.Нуриддинови ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ кардани 20 000 сомонӣ талаб кардааст», – омадааст дар гузориши Агентӣ.
Муродов Суҳроб ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 20 000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи кориаш аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст. Маблағе, ки аз шаҳрванд гирифта буд, ҳамчун далел аз утоқи кориаш пайдо шудааст.
“Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Суҳроб Рамазонович бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои «а», «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд”, – омадааст дар хабари маркази матбуотии ин ниҳод.
Давоми ду ҳафтаи охир ин ду.ин ҳолатест, ки шахсони масъул барои ҷудо кардани қитъаи замин бо пора ба даст меафтанд.
14-уми феврал муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич Мустафоқулов Темур ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд “А” барои ҷудо кардани қитъаи заминӣ наздиҳавлигӣ боздошт шуда буд.