Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Рӯзи театри тоҷик бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ  баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Фирӯза Шарифӣ аз дастовардҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ёдовар шуда, аз музаффариятҳои ҳунармандони ин боргоҳ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» тӯли се соли охир ситоиш кард.

– Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, – қайд кард муовини раиси вилоят.

Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар мекунад.

Сипас ба ҳунармандони театри вилоятӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ддавлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.

Дар идома барноми ҷолиби консертӣ таҳти унвони “Ҷилваи ҳунар”, ки аз порчаҳои гуногуни саҳнавӣ иборат буд, намоиш дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь