Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабини баргузор гашт.

Чорабинии мазкур дар  майдони назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Бохтар доир гардида, Фирӯза Шарифӣ аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баромада карда гуфт, ки устод Рӯдакӣ шоири соҳибмактаб аст ва бо гузашти беш аз ҳазор сол осори ӯ байни мардум пойбарҷову маҳбуб аст.

Дар идомаи чорабинӣ Озар Салим, Шоири халқии Тоҷикистон, устодони факултети филалогияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав доир ба дигар паҳлуҳои осори пурғановати Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан каррданд.

Бояд гуфт, ҳамасола дар кишвар 22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь