Дар муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Русия-Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло , сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Ширинзода Муҳиддин, собиқ сардори Раёсати маъорифи вилояти Хатлон Қурбонзода Хоналӣ, собиқадорони соҳаи маориф, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва дигар кормандони соҳа ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Чорабиниро раиси шаҳр Баротзода Файзулло Раҷаб бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёнро ба ҷашни фархунда, яъне Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, оид ба саҳми арзандаи омӯзгорон дар пешрафти кишвар ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки омӯзгорон поягузори ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии дар Рӯзи дониш, ки 1-уми сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ба маорифу мактаб рӯ оварданро ба ҳамаи сохторҳои давлатӣ тавсия намуданд.

Ҳамзамон сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва собиқ сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Қурбонзода Хоналӣ ҳамаи омӯзгорону устодонро ба Рӯзи омӯзгорон табрик намуданд.

Ҳамин тариқ, як қатор омӯзгорон бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои  Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Сипосномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Хатлон, сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин омӯзгорони ҷавон, ки бори аввал ба ҳайси омӯзгор ба кор шуруъ намуданд, бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби шуъбаи маъорифи шаҳр собиқадорони соҳа қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабини аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Бохтар барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь