Дирӯз, 3 май, дар муҳити журналистикаи тоҷик “Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан” таҷлил карда шуд. Дар арафаи таҷлили ин рӯзи муҳим барои журналистон Ҷоизаи “Эътимод” соҳиби худро дарёфт кард. Саидэҳсон Ҷалолиён, рӯзноманигори радиои “Тоҷикистон” ҷоизаи мазкурро соҳиб шуд.

Барои дарёфти ҷоизаи “Эътимод”, дар баробари Ҷалолиён, ду рӯзноманигори дигар – Ҷаҳонгиршоҳ Рустамзода ва Фатҳиддини Замон довталаби асосӣ маҳсуб мешуданд, вале корманди радиои “Тоҷикистон” овози бештарро ба даст овард.

Бояд гуфт, ки ҷоизаи мазкур аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, аз соли 2016 ба ин сӯ, бахшида ба таҷлили “Рӯзи байналмилалии озодии сухан” ба рӯзноманигорони касбӣ ва фаъоли кишвар дода мешавад.

Ба гуфтаи дастандаркорони ҷоизаи “Эътимод”, он ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки тайи як соли охир дар фазои журналистикаи кишвар фаъол буданд ва масъалаҳои доғи рӯзро матраҳ намуда, эътимоди мардумро то андозае соҳиб шудаанд.

Дар таҷлили “Рӯзи байналмилалии озодии сухан” рӯзноманигорони саршиноси кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалии журналистӣ иштирок доштанд ва вазъи як соли гузаштаи журналистикаи Тоҷикистон, мушкил ва дурнамои онро матраҳ намуданд.

Қисми зиёди рӯзноманигорон вазъи як соли охири журналистикаи Тоҷикистонро бисёр душвор ва вахим баён доштанд. Соли 2022 барои рӯзноманигорони тоҷик бисёр сахт буд. Бояд гуфт, ки соли гузашта ҳафт журналисту блогери тоҷик аз ҷониби мақомот дастгир ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Дар ин ҳамоиш, ҳамчунин, ҷоизаҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳам ба соҳибонашон супорида шуд. Ҳаётҷон Одилов, сухангӯи раиси ноҳияи Ашт ва Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Ҷоизаи “Беҳтарин сухангӯй” ба номи Иқбол Илёсзодаро соҳиб шуданд.

Дар идомаи таҷлили ин рӯз Ассотсиатсияи рӯзноманигорон – “Медиа Алянси Тоҷикистон”, озмуни худро, ки миёни рӯзноманигорон, блогерон ва донишҷӯёни факултетҳои журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон эълон карда буд, ҷамъбаст кард. Ғолибони озмуни мазкур дар чор номинатсия муаяйн шуданд.

– Ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” ба номи Отахон Латифӣ, журналист, сиёсатшинос ва сиёсатмадори тоҷик.

– Ҷоизаи “Ҷасорати журналистӣ” ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев, журналисти шаҳир ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

– Ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ” ба номи Ҷумъабой Толибов, журналисти муҳаққиқи тоҷик.

– Ҷоизаи “Журналисти навқалам”, ки миёни донишҷӯёни шуъбаю факултетҳои журналистии Тоҷикистон доир шуд.

Меҳрофарин Наҷибӣ, корманди Гуруҳи расонаҳои “Азия плюс” аз рӯи номинатсияи “Касбияти журналистӣ” мақоми аввалро соҳиб шуд. Мижгона Ҳалимова (расонаи “Вечёрка”) ҷои дуюм ва Нодира Сабирзод (журналисти мустақил) зинаи сеюмро соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи дигари озмуни “Медиа Алянси Тоҷикистон – “Ҷасорати журналистӣ”, Ардашери Пайванд мақоми дуюмро соҳиб шуд. Мақоми сеюмро дар ин бахш Исматулло Абдуллоев, корманди ҳафтаномаи “Фараж” ба даст овард. Дар номинатсияи мазкур касе ба мақоми аввал сазовор дониста нашуд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, мақоми аввали ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ”-ро соҳиб шуд. Мақоми  дуюм ба Рухшона Ҳакимова, журналист аз Душанбе ва мақоми сеюм ба Ҷаҳонгир Мирсалимов, рӯзноманигор аз вилояти Суғд, тақдим шуд.

Дар бахши дигари озмуни “Медиа Алянси Тоҷикистон” – “Журналисти навқалам” нафарони зерин соҳиби ҷоиза шуданд. Идибек Шарипов, Давлати Абдулло ва Қурбоной Муқимова.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь