Дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба таҷлили 25-умин согарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва беш аз 2000 сокини ноҳия чорабинии идона доир гардид.
Аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд, ки дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Вализода Икромиддин дар саҳни бинои Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 24 кӯдак аз оилаи эҳтиёҷманд туҳфаҳои арзишманд супорид.
Баъдан, дар кӯчаи марказии ноҳия роҳпаймоии идонаи ташкилоту идораҳои ноҳия, варзишгарон ва сокинони ноҳия доир гардид.
Сипас, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, ҷамомади тантанавӣ доир гардида, раиси ноҳия номаи табрикотии худро дар назди ҳозирин ироа кард. Ӯ гуфт, бисту панҷ сол мешавад, ки сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ доранд. Тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.
– Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати кӯҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем, – гуфт раиси ноҳия.
Дар ҷамъомад, ҳамзамон чанд собиқадони меҳнат ва ҷавони фаъоли ноҳия дар бораи арзишҳои олии Ваҳдати миллӣ баромад карданд.