Шоми 9 сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ҷашни 31-солагии истиқлоли давлатии кишвар бо иштироки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода,  раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонон баргузор гашт.

Дар ин чорабӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тамоми мардуми вилояти Хатлонро  ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод кард.

Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамагонро ба ин санаи таърихӣ  шодбош гуфта, афзуд, ки ҳама талошҳои худро баҳри ободу зебо гардонидани вилояти Хатлон равона намуда, иншоотҳои таъминоти гуногун аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги саноати бунёд хоҳанд кард.

Дар фарҷоми ҷорабинӣ намоиши фарҳангии аҳли ҳунари вилояти Хатлон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь