Дирӯз раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор қарорҳои худ дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ кард, ки дар ин байн соҳаи геология дар мадди назари бештар буд.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои Ҳукумат Рузизода Акрам Ҳамроқул аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гардуллозода Саъдулло  аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Заробиддин Қудрат  аз вазифаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтдавлатов Раҳмонбек Давлатбекович  аз вазифаи муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоева Марҳабо Музаффаровна  аз вазифаи муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадалиев Абдусалом Ғуломович  аз вазифаи муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худобахш Шарифа Орусбек  аз вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон  аз вазифаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Дар баробари ин Маҷидӣ Юсуф Хайрулло муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Содиқҷон Абдукаримзода муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Умед Абдулло муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худобахш Шарифа Орусбек муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Шавкат директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султон Бахтиёр муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминзода Пулод директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Исомуддин Гул муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Сарвар Қаноат муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ализода Алимаҳмудӣ Ғаффор муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь