Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба вазифаи нав таъйин карда шудааст. Дар ин бора имрӯз аз дафтари матбуотии вазорати мазкур хабар доданд.
Зиёзода Сулаймон ба вазифаи муовини саравазир дар бахши иқтисод таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро иваз мекунад. Гулмаҳмадзода моҳи августи соли 2021 ба вазифаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия таъйин шуда буд. Дар назар аст, ба ҷои Зиёзода муовини ӯ Каримзода Саъдӣ Ғаффор ба вазифаи вазири кишоварзӣ таъин шавад.
Зариф Мирдадо аз вазифаи раиси ноҳияи Ашт озод гардид. Ӯро дар ин вазифа Шуҳрат Мазуралиевич иваз кард. Зариф Мирдадо акнун дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд фаъолият мебарад.
Хабари нав шудани раисро дар мақомоти далатии ноҳияи Ашт ба ОИ “Суғднюс” тасдиқ кардаанд.
То ба вазифаи раиси ноҳияи Ашт расидан, Шуҳрат Мирзоалиевич раисии ҶДММ “Рахшонаро” ба зимма дошт.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шӯҳрат раиси ноҳияи Ашт таъин гардиданд.
Бахтиёр Раҳматуллоев