Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, аз вазифа барканор шуд. Ҳоло маълум нест ӯ ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Ба иттилои як манбаъ ба ҷойи ӯ Абдуллозода Зиёдулло,  ки то расидан ба ин вазифа муовини вазири маориф буд, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Диловар Пирзода аз вазифа озод карда шудааст. Як манбаъ аз Кумитаи замини вилоят иттилоъ дод, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирзода Диловар Атахон, ки то ин вақт дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини вилояти Хатлон фаъолият дошт, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь