Бо амри Саидзода Раҳим, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуназарзода Шоиста мудири Шӯъбаи маорифи  шаҳри Бохтар таъйин гардид. Ӯ дар ин курсӣ  Фаридуддин Сайдаҳмадовро иваз кард. Ҳамчунин Ғоибназарзода Мирзо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардид.

Як манбаъ аз шуъбаи маорифи шаҳр ба “Фараж” хабар дод, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ бо фармоиши Саидзода Раҳим, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаридуддин Сайдаҳмадов иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъйин гардида буд.  Ӯ дар ин вазифа Шаъмигул Шарифзодаро иваз кард. Аммо бо гузашти қариб як моҳ Фаридуддин Сайдаҳмадов аз вазифа озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Абдуназарзода Шоиста мудир таъйин карда шуд.

Ҳамчунин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ доданд, ки бо фармоиши вазири маориф Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоибназарзода Мирзо Муҳаммадназар иҷрокунандаи муваққатии вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардидааст. Пеш аз у дар ин вазифа Ҳакимзода Хайрулло кор мекард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь