Дирӯз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру илова ворид намуданд.

Ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шуданд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Инчунин ба қонун моддаи 142 илова гардид, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.

Меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь