Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо бунёду азнавсозии роҳҳо мушкилиҳои марбут ба роҳу нақлиёт рафъ гардида, сокинон метавонанд ба дилхоҳ гӯшаи дурдасти кишвар, бе хавфу хатар сафар кунанд.

Роҳи Душанбе – Чаноқ дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ буда, солҳои пеш шаҳрвандон барои омадурафт мушкил доштанд. Хушбахтона, бо вогузор шудани нигоҳдории ин роҳ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мушкилоти қаблӣ осоре боқӣ намонд. Тавре гуфтем, роҳи зикршуда аз минтақаҳои кӯҳӣ гузашта, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим онро банд мекарданд.

Бориши пуршиддати барф ва тармафароии рӯзҳои ахир дар роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ барои ширкати «IRS» санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш сарбаландона аз он гузаштанд. Техникаи зиёди филиали Ширкат роҳро дар фурсати кӯтаҳтарин тоза намуда, мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои офатзада халос карданд. Имсол ҳарчанд дар водиҳо барф нисбатан камтар аст, вале дар минтақаҳое, ки роҳи зикршуда аз онҳо мегузарад, бориши барф пуршиддату давомдор ва тармафароӣ зиёд буд. Ин тамоюл дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Шаҳристон бештар буда, кормандони “IRS” рӯзҳои 9-10 марти соли равон 21 тармаи хурду калонро бетаъхир бартараф карданд. Босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани таъмири роҳ аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳбони боэътимод дорад.

Аз мушоҳидаҳо метавон хулоса кард, ки агар кормандони IRS дар фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тарма ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш машғул шаванд, пас фасли гармо таъмиру таҷдиди роҳ мадди назар аст. Агар дилхоҳ вақт аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони ширкат ва техникаҳои пуриқтидорро машғули иҷрои вазифа мебинед.

Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳи Душанбе – Чаноқ арзандаи ситоиш аст. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти «IRS» қаноатмандӣ ва ба кормандони он арзи сипос баён мекунанд.

Чунин хулоса натиҷаи муқоиса аст. Барои мисол, баробари расидан ба минтақаи роҳи Айнӣ-Панҷакент, бо дидани сангу сангрезаҳои зиёди рӯйи роҳ ва ҳолати на он қадар хуби он мусофирон бадоҳатан мегӯянд: Нигоҳдории ин қисмати роҳ ба зиммаи IRS нест!

Кормандони “IRS” дар баробари шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард намудану садҳо тармаро бетаъхир бартараф сохтан, инчунин автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол дода, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд.

Дар маҷмӯъ, вақт исбот кард, ки фаъолияти «IRS» манфиатовар аст ва саҳми он дар рушди иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт арзанда мебошад. Собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Маблағи дар ин самт пардохтнамудаи аҳолӣ пурра барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь