То ин замон дар хабар буд, ки шаҳрвандон бо ҳар роҳу василае хонаву меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил кардаанд, аммо, инак, маркази матбуоти ВКД иттилоъ дод, ки як мард гармобаро ба мардум барои машғул шудан ба фаҳш ба иҷора додааст.
Кормандони милитсия дар шаҳри Қӯрғонтеппа як марди 35-солаи сокини ноҳияи Вахшро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд. Номбурда, 13-уми ноябри соли 2017 дар ҳаммомхонаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи Карамови шаҳри Қӯрғонтеппаро ба марди 22-солаи сокини шаҳри мазкур ва зани 21-солаи сокини ноҳияи Бохтар барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ