Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон ва маъмурияти ДДБ ба номи Носири Хусрав ба муаллими донишгоҳи мазкур, ки 26 сол боз дар хобгоҳи донишгоҳ иқомат мекард ,манзили истиқомати тӯҳфа карда шуд.

Як манбаъ аз ДДБ ба номи Носири Хусрав ба “Фараж” гуфт, муаллима Табассум Тағоева, профессори факултети забони англисии донишгоҳ, ки ягона профессорзан дар  донишгоҳ мебошад, ба орзуи чандинсолааш расид. Ин омӯзгор  солҳои тӯлонӣ дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекард  ва чанде пеш бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода соҳиби хонаи замонавии хизматӣ  гардид.

Ӯ ҷавобан ба ин таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ваъда дод, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро дар омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ба харҷ хоҳад дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь