22-юми ноябри соли ҷорӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрии ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва роҳҳои густариши тиҷорати мутақобила, инчунин таъсиси анбори маҳсулотҳои тайёри корхонаҳои мошинсозии Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Ҳисор ва пешбурди соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин масъули бахши иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Полянин Виктор Дмитриевич ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷӯрабекзода Эраҷ, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Сатторов Лутфулло ва сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед ширкат варзиданд.