Дирӯз, 9-уми ноябр, аҳли фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон бо баргузории маросиме Рӯзи театри кишвар ва ҳаштодумин солгарди таваллуди ҳунарпешаи маъруфи театри тоҷик Марям Исоеваро таҷлил карданд. Дар маросим пораҳо аз намоишномаҳое, ки Марям Исоева дар тӯли умраш дар онҳо нақш иҷро карда буд, аз ҷониби ҳунарпешагони театрҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Марям Исоева соли 1937 дар Сари Хосори минтақаи Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ соли 1954 мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда, солҳои 1956-1960 дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский дар Маскав таҳсил кардааст. Баъди хатми институт солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ хунарнамой кардааст. Аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аст. Исоева соли 1979 унвони “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”-ро соҳиб шудааст.

Акс аз BBC

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь