Президенти Америка Доналд Трамп аз ғалаба бар террористони «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ хабар дод. Ин гуна иттилоъро ҷониби Русия 6-уми декабр эълон карда буд ва 11-уми ҳамин моҳ президенти Русия Владимир Путин аз берун рафтани неруҳои низомии кишвараш аз хоки Сурия қарор қабул кард.
Доналд Трамп дар маросими имзои буҷети ҳарбӣ дар Кохи сафед аз ғалаба бар гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ эълон кардааст. Матни суханронии ӯ дар сомонаи Кохи сафед нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад: «Ин (буҷет) муҷаввизи таъмини молии кампанияи моро дар нобуд кардани ДИИШ таъйид мекунад. Чуноне шумо медонед, мо дар Сурия ғалаба кардем, дар Ироқ ғалаба кардем. Онҳо (террористон) дар дигар минтақаҳо паҳн шудаанд. Мо онҳоро ҳамон тавре, ки онҳо зуд паҳн мешаванд, зуд дунболагир мешавем. Тӯли ҳашт моҳи охир дар мубориза бо ДИИШ мо ба комёбиҳое ноил шудем, ки маъмурияти пештара дар тамоми муддати роҳбарияш ба даст наоварда буд».
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 11-уми деккабр ба пойгоҳи низомии кишвараш дар Хмеймими Сурия сафар кард. Вай дар ин ҷо арз кард, ки артиши Русия шурӯъ ба баргашти худ ба маҳалли доимии будубоши худ мекунад.
Путин арз кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Русия ва артиши Сурия дар зиёда аз 2 сол яке аз гурӯҳҳои нисбатан ҷангозмудаи террористони байналхалқиро нобуд карданд. «Ба ин муносибат аз ҷониби ман тасмим шуд, ки қисми асосии нерӯҳои низомии Русия, ки дар Сурия қарор доштанд, ба хона, ба Русия, бармегарданд», – гуфт Путин.