Мақомоти Сурия тасмим гирифтанд, ки дар муассисаҳои давлатӣ муваққатан ҳафтаи кори чоррӯза ҷорӣ кунанд. Ин тасмим ба далели камбуди маводи сӯхт дар пасманзари таҳримҳо ва ҳамчунин поин рафтани қурби пули миллӣ гирифта шудааст, менависад “Коммерсант”.

Рӯзҳои таътили расмӣ дар Сурия рӯзҳои ҷумъа ва шанбе мебошанд. Муассисаҳои давлатӣ низ рӯзҳои якшанбеи оянда – 11 ва 18 декабр кор намекунанд. Навоварӣ ба муассисаҳое дахл надорад, ки кори онҳо бояд бефосила бошад. Илова бар ин, дарсҳо дар чанд донишгоҳ лағв шудаанд.

Вазири савдои дохилии Сурия Амр Салим тавзеҳ дод, ки нонвойхонаҳо ва беморхонаҳо баста намешаванд. Вай гуфт, ба далели нақзи қоидаҳои тиҷорат дар кишвар 142 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ баста шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол маълум нест, ки вазъи камбуди маводи сӯхт чӣ гуна бояд ҳал шавад.

Вазири нафт Бассам Тоам гуфт, ки бӯҳрон 50 рӯз пеш оғоз шуда буд, аммо ба шарофати захираҳои мавҷудаи сӯзишворӣ бо он мубориза бурда шуд. Вазъият ба далели сарвақт нарасидани киштиҳои нефтӣ бадтар шуд.

Рӯзи 3 декабр як танкер бо 700 ҳазор бушка нафт вориди бандари Банёси Сурия шуд, аммо тавре Тоаме қайд кард, мушкилро як танкер ҳал карда наметавонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь